Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо хоҳиши муштараки рушди муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо 14 январи соли 1993 Протоколро "Дар бораи барқарор намудани ҳамкориҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон"-ро ба имзо расониданд.
Аз 2 июли соли 2002 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек дар суроғаи: Бишкек, к. Карадарё 36 фаъолият мекунад. Бахши консулгарии Сафорат низ дар ин суроға ҷойгир аст.
Нахустин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Собиров Маҳмудҷон Носирович (2002-2008) таъин гардида буд.
Дар солҳои баъдӣ вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистонро инҳо ба ӯҳда доштанд:
Саидов Асомиддин Асадуллоевич (2008-2012 гг.)
Раҳимов Олим Собирович (2012-2016 гг.)
Олимзода Сухроб Ҳоҷа (2016-2020 гг.)
Ализода Назирмад (2020 - то айни замон)
Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб дар ш. Душанбе фаъолият дорад.
Асаналиев Эрик Акматбекович (1997-2001) вазифаи нахуст Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро мекард.
Сипас солҳои 2001-2005. ва 2014 - 2018 Ниёзов Мирослав Ҷумабекович, Ҷунушалиев Туратбек Эсенкулович (2005-2010), Саралаев Урмат Кадыкеевич (2010-2014) ба ҳайси сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштанд. Аз соли 2018 то имрӯз ин вазифаро Рустенбеков Ҷаныш Султлонқулович иҷро мекунад.