МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ВАЗЪИ
РОБИТАҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН
Робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гардидаанд.
Робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар пояи анъанаҳои устувори сиёсӣ ва иқтисодӣ асос ёфта, дар рӯҳияи дӯстии таърихӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд рушд меёбанд.
Ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба Тоҷикистону Қирғизистон Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (ҷаласаи аввал 6 августи соли 2009 дар ш. Душанбе)-ро таъсис додаанд ва Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (ҷаласаи аввал 27-28 майи соли 2013 дар ш. Бишкек). Ин ниҳодҳо ба ҳайси механизмҳои самарабахш барои ҳалли масъалаҳои афзалиятнок ва такмили муносибатҳои дуҷониба хизмат мекунанд.
Тамосҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба рушд меёбанд.
Афзалиятҳои ҳамкории сиёсӣ дар заминаи ҳадафҳои муштарак, аз ҷумла таҳкими амният ва субот дар минтақа ва мусоидат ба рушди равандҳои ҳамгироӣ, арзёбӣ мегарданд.
Дар ин давра тамосҳои сершумори дуҷонибаи сарони давлатҳо баргузор гардидаанд, ки зимни онҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шудаанд.
Ҳуҷҷатҳои асосии танзимкунандаи самтҳои муҳими ҳамкорӣ, иборатанд аз:
Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон аз 139 ҳуҷҷат иборат аст.
Аз замони барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ 14 сафарҳои мутақобилаи Сарони давлатҳо сурат гирифтааст (январи соли 1993, июли соли 1996, майи соли 1998, майи соли 2004, майи соли 2008, июл ва ноябри соли 2010, майи соли 2013, феврали соли 2018, июн, июл, ноябри соли 2019, октябри соли 2023, марти соли 2025).
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон соли 2013, ки ба 20-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ рост омад, дурнамои навро барои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байнидавлатӣ боз намуда, сатҳи муносибатҳоро ба марҳилаи шарикӣ баровард.
13 октябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба Қирғизистон сафари корӣ анҷом доданд.
Дар чорчӯби вохӯрӣ сарони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуда, масъалаи муайянсозии хатти марзи давлатӣ ва созишномаҳои бадастомадаро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
12-13 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф овард.
Аз натиҷаи гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид. Воқеаи таърихӣ баимзорасонии Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон буд. Имзои санади мазкур натиҷаи гуфтушунидҳои 23-сола дар бораи қитъаҳои баҳсбарангези сарҳад буд, ки дарозии он 987,6 км мебошад.
Ба мақсади рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки шӯрои Байниҳукуматӣ таҳти роҳбарии сарвазирҳо таъсис диҳанд.
Инчунин бо иштироки ду президент дар қолаби маҷозӣ маросими аз нав оғоз кардани фаъолияти ду нуқтаи гузаргоҳи сарҳади давлатӣ Гулистон (Кизил-Бел) ва Маданият (Қайрагач) баргузор шуд.
31 марти соли 2025 дар Вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони се давлат (Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон) ҷашни "Наврӯз" баргузор гардида, аз натиҷаи он эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ ба имзо расид.
Соли 2025 корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расиданд. Нерӯи барқи сабз дар фасли тобистон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон содир карда мешавад. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи CASA - 1000 объектҳои нави энергетикӣ аз қабили хати баландшиддати барқии 500 кВт аз зеристгоҳи Датка дар Қирғизистон то зеристгоҳи Суғд 500 кВт дар Тоҷикистон бо дарозии тақрибан 480 км ба анҷом расид.
31 марти соли 2025 сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар маросими оғози хати 500 кВ Датка-Суғд дар доираи лоиҳаи CASA-1000 дар шакли видеоконфронс иштирок намуданд. Марҳилаи нави татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA-1000 оғоз ефт.
Роҳбарони кишварҳо қайд карданд, ки ин лоиҳа аҳамияти хоса дорад, зеро он системаҳои энергетикии ду кишварро муттаҳид намуда, амнияти энергетикиро тақвият бахшида, ба Рушди устувори Осиеи Марказӣ саҳми назаррас мегузорад.
Сафари мутақобилаи вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат намуда, зимни онҳо масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва мушкилоти муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон бо сафарҳои корӣ ва расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд (март ва августи 2013, сентябри 2014, феврали 2015, ноябри 2017, майи 2018, 2019 ва 2024).
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷонибдори густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими равандҳои ҳамгироӣ мебошанд.
Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни ду кишвар бар пояи робитаҳои анъанавии иқтисодӣ ва ҳамкорӣ бунёд ёфтаанд.
Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёти автомобилӣ, саноати кӯҳӣ, гидроэнергетика ва таъминоти мутақобилаи молҳои ниёзи мардум муваффақона рушд ёфтаанд.
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ соҳаи энергетикаи барқ, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои об, иктишофи муштарак ва истихроҷи маъданҳои фоиданок, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиет ва кишоварзӣ мебошанд.
Моҳҳои январ-марти соли 2025 ҳаҷми гардиши савдо 2,722 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз он 182 ҳазор доллари има ба содирот ва 2,540 миллион доллари ИМА ба воридот рост меояд, ки дар таносуби фоизӣ ин нишондиҳанда 23 фоиз афзудааст.
Нақши калидиро дар ин раванд Шӯрои ҳукуматҳо таҳти раёсати сарвазирони ду кишар мебозад.
Моҳи декабри соли 2024 дар шаҳри Ботканд ҷаласаи роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсия доир шуда, Протокол оид ба муайянсозии хатти марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расид.
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳамкорӣ дар сохторҳои бисерҷониба - СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СААД, СҲИ ва МҲТБО аҳамияти муҳим медиҳанд.