Комиссияҳои байниҳукуматӣ

14.06.2025 17:52

Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои дуҷониба

 

Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои дуҷониба, ки 12 июни соли 1996 дар асоси Протокол дар бораи таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба таъсис ёфтааст, дар рушди муносибатҳои ду кишвар нақши муҳим дорад.

Комиссия мазкур мақоми доимоамалкунанда буда, мувофиқи вазифаҳои ба зимааш гузошташуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар муносибатҳои худ намояндагӣ мекунад, иҷрои ӯҳдадориҳои Тарафҳоро, ки аз созишномаҳои дуҷониба ва байнидавлатӣ бармеоянд, таъмин мекунад. Ин мақомоти байниҳукуматӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодиро бо назардошти манфиатҳо ва имкониятҳои Тарафҳо баррасӣ менамояд. Фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои тамоми шаклҳои моликиятро дар соҳаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамоҳанг месозад, инчунин онҳоро барои иштирок дар мақомоти кории Комиссия (зеркомиссияҳо, гурӯҳҳои кории коршиносон) ҷалб менамояд. Шоистаи таъкид аст, ки Комиссияи мазкур ҷаласаҳои худро мунтазам доир намуда, ҳамчун пуле барои ба сатҳи нави рушд баровардани ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон хизмат мекунад.  

16 ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ 19 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раисии муовинони сарвазирони ду кишвар  баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Бишкек ба нақша гирифта шудааст.

 

Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ

 

Пас аз ба даст овардани истиқлолият, бо мақсади ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ соли 2002 Тарафҳо Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро таъсис доданд.  

Дар чорчубаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ду зер комиссия таъсис карда шуд: Гурӯҳи кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ. Дар доираи фаъолияти Комиссияи мазкур 38 ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматӣ, 47 ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографӣ ва 21 ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ташкил шудаанд.

Сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон 987.6 км-ро ташкил медиҳад. 

Аз оғози соли 2020 се ҷаласа оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Вохӯрӣ нахустин дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ 21-25 январ дар Бишкек шуда гузашт. 4-5 феврал дар шаҳри Исфара ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуд. 21-22 феврали соли равон дар шаҳри Бодканд вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Ҳайати ҷонибҳоро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Акрам Мадумаров роҳбарӣ намуданд. Ҷонибҳо ба идомаи раванди гуфтушунид барои ба даст овардани натиҷаҳо оид ба тавсифи хати Сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расиданд.

Дар рафти тавофуқоти қаблан ҳосилшуда аз санаи 20 то 26 ноябри соли ҷорӣ дар ш. Бустони вилояти Суғд мулоқоти гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқӣ байни ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

4 декабри соли 2024 дар ш. Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон Ятимов Саймумин Сатторович ва Тошиев Қамчибек Кидиршаевич баргузор гардид. Дар рафти мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон доир ба пуррагӣ муайян намудани минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа омаданд ва ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду тараф оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дастур  ҷиҳати омода намудани санадҳои ниҳоӣ барои делимитатсияи сарҳад дода шуд.

Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда аз 11 декабр то 19 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Cарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Дар доираи мулоқот ҷонибҳо ба таҳияи санадҳои минбаъдаи лоиҳавии гузариши хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон оғоз бахшиданд. 

Тибқи тафовуқи ҳосилшуда санаи аз 4 то 12 янари соли 2025 дар ш. Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти гуруҳҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои Сарҳади  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҳайатҳо омода намудани санадҳои дахлдорро ҷиаҳти хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади танзими корҳои ҳуқуқии минбаъда идома доданд.

21 феврали соли 2025 дар ш. Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии Ятимов Саймумин Сатторович ва Тошиев Камчыбек Кыдыршаевич баргузор гардид. Дар рафти мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон маълумоти роҳбарони гурӯҳҳои топографӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Ҳайатҳои Ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистонро оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро шуниданд ва натиҷаи корҳои анҷомдодашударо ҷиҳати барасмиятдарории санадҳои натиҷавии делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро тасдиқ намуданд. Ҷонибҳо лоиҳаҳои Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистонро дар бораи сарҳади давлатии Тоҷкистону Қирғизистон, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард, ободони ва истифодбарии чорроҳаи роҳҳои автомобилгард  ва Созишмнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба таъмини дастрасӣ ба иншоотҳои хоҷагии об ва энергетикаро парафгузорӣ намуданд ва супориш доданд, ки барои гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ ҷиҳати мувофиқа намудан дар чорчӯби шартномаҳои байналмилаии дуҷонибаи дахлдор оғоз намоянд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg