Тартиби додани шиносномаҳои хориҷӣ
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон будубоши муваққатӣ доранд, метавонанд аз Сафорат шиносномаи хориҷӣ гиранд.
Барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз Сафорат ҳуҷҷатҳо зарур аст:
-Ариза ба номи Сафорат (шакли муқарраршуда);
-шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он;
-шиносномаи хориҷии эътибордошта ва нусхаи он;
- шаҳодатномаи акди никоҳ ва нусхаи он (дар ҳолатҳои дахлдор);
-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қонунӣ будани будубоши шаҳрванд дар кишвари иқомат (варақаи қайди ҷойи зист);
Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ, Сафорати бо мақсади муайян намудани мансубияти муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансуб набудани ў ба шаҳрвандии давлати дигар метавонад ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб намояд.
Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ чӣ бояд кард?
Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, соҳиби он бояд фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош, инчунин ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирфитани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан муроҷиат кунад.
Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҳуҷҷат аст?
Шаҳодатномаи бозгашт ин ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ва ба мўҳлати на зиёда аз 30 рўз дода мешавад.
Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои буду бош дар хориҷа асос шуда наметавонад. Шаҳодатномаи бозгашт ба шахси муроҷиаткунанда то баргаштани ў ба Ватан танҳо як маротиба дода мешавад.
Барои гирифтани шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?