Таъйиди ҳуҷҷат ва апостил

14.08.2020 16:45

Таъйиди консулӣ чист?

Таъйиди консулӣ аз муайян намудан ва тасдиқи мувофиқати ҳуҷҷатҳо ва санадҳо ба қонунгузории давлате, ки онҳоро таҳия намудааст иборат буда, шаҳодати қонунӣ будани имзои шахси масъул ва мўҳри идораи салоҳиятдори он давлат дар ҳуҷҷатҳо ва санадҳо ҷиҳати истифодабарии онҳо дар давлати дигар мебошад.

Ҳуҷҷат ва санадҳои барои таъйид пешниҳодшаванда, бояд қаблан дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ё дигар мақомоти салоҳиятдори расмии давлати иқомат таъйид шуда бошанд.

Ҷиҳати таъйид, ҳуҷҷат ва санадҳо чӣ дар шакли нусхаи аслӣ ва инчунин нусхаҳои аз ҷониби нотариус тасдиқгардида қабул карда мешаванд.

Ҳуҷҷат ва санадҳои барои таъйид пешниҳодшуда бояд возеҳ ва фаҳмо навишта шуда бошанд. Имзои шахсони масъул ва мўҳри онҳо бояд рўшан ва хоно бошанд.

 

Кадом намудаи ҳуҷҷатҳо ғайри қобили таъйид мебошанд?

Нусхаи аслии ҳуҷҷат ва санадҳои зерин ғайри қобили таъйид мебошанд: шиноснома, шаҳодатномаи шахсӣ, шаҳодатномаи узвияти иттифоқи касаба, шаҳодатномаи ҳарбӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, ҳуҷҷатҳое, ки мансубиятро ба табақа ё мазҳаб шаҳодат медиҳанд, шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин шаҳодатномаи техникӣ дар бораи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт.

 

Барои анҷом додани таъйиди консулӣ чи гуна ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Ариза ба номи Сафорат (шакли озод);

- Нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи дохилӣ, шиносномаи хориҷӣ);

- Асл ва нусхаи ҳуҷҷат ва ё санад, ки бояд таъйид карда шавад;

- Расид оид ба пардохти боҷӣ консулӣ.

 

Апостил — шакли пуркунии стандартикунонидашудаи байналмилалии идоракунӣ доир ба қонунии ҳуҷҷат барои пешниҳод дар қаламрави мамлакатҳои аъзои Конвенсияи Гаага доир ба апостил мебошад. Апостил, аслияти имзо, мӯҳр ё штампи ҳуҷҷати расмиро тасдиқ намуда, дар шакли чопӣ бо акси мӯҳр ва имзои корманди мақомоте, ки гузоштани Апостилро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор аст, дода мешавад.

Дар мавридҳое, ки агар асосҳои ҳуқуқӣ барои бекор намудани қонунигардонии ҳуҷҷат мавҷуд бошад, мумкин аст, ки Апостил истифода бурда нашавад, монанди Созишнома дар бораи кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ (мисол, Созишномаҳои Минск ва Кишинёв).

 

Дар кадом ҳуҷҷатҳо Апостил гузошта намешавад?

  • дар ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дода шудаанд;
  • дар ҳуҷҷатҳое, ки бевосита ба амалиётҳои тиҷоратӣ ва гумрукӣ алоқаманд мебошанд;

дар ҳуҷҷатҳое, ки ба хориҷи кишвар бароварда намешаванд ва интиқол дода намешаванд (билети ҳарбӣ, ҳуҷҷатҳои мушаххаскунандаи шахсият, шиноснома).

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg