Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Берлин

26.03.2022 14:54

25 марти соли 2022 дар шаҳри Берлин бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ду чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз бо шукуҳу шаҳомати  хос ва дар фазои мутантан таҷлил карда шуд.

Дар чорабинии ҷашнӣ ҳамватанони муқими Олмон, доираҳои илму фарҳанг, намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, кормандони васоити ахбори омма, меҳмонони фахрӣ ва дӯстони Тоҷикистон ширкат доштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ба ин маросим ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик кард. Имомудин Сатторов изҳор дошт, ки Наврӯз таҷассуми чеҳраи инсонӣ, хираду фазилат, одобу маърифат, илму адабу дониш ва ҳама хуҷастагиҳои дигари халқи тоҷик мебошад.

Барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатманд Хол барои меҳмонон таассуроти хотирмон ва дилнишин боқӣ гузошт.

Баъд аз анҷоми қисмати фарҳангӣ барои меҳмонон дастархони наврӯзӣ бо анвои гуногуни хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ороста шуд.  

Дар баробари ин, шоми ҳамин рӯз маҳфили фарҳангии муштарак бо Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Берлин бо иштироки намояндагони дигари кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Эрон ва Афғонистон, форсизабонони муқими Олмон ва доираҳои илмиву адабӣ баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомудин Сатторов ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Фарозандеҳ ҳозиринро бо навиди бахту саодат - Наврӯзи Ҷамшедӣ ва баҳори Хуршедӣ самимона табрик ва хайрамақдам гуфтанд.

Сипас, Давлатманд Хол бо суруду оҳангҳои ҷаззоби худ аз ашъори наврӯзии шоирони маъруфи форсу тоҷик ба ин маҳфили муштарак ҳусну тароват зам намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg