Вохӯрии Сафир бо намояндагони AHK ва DIHK

24.03.2022 20:34

23 марти соли 2022 Сафир Имомудин Сатторов бо намояндаи Иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ (AHK) Овсеп Восканян ва Сардори шӯъбаи Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Марказии Палатаҳои саноат ва савдои Олмон хонум Катарина Виттке вохӯрӣ анҷом дод.

Дар баробари роҳандозии ҳамкориҳои ҳасана миёни Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ, ҳамчунин чорабиниҳои муштараки пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Фаъолияти Иттиҳодия палатаҳои саноат ва савдои Олмон (DIHK) ҳамаи иқтисод ва  тиҷорати Олмонро фаро гирифта, аъзои сершумори онро 79 палатаҳои саноат ва савдо (IHK) аз ширкатҳо дар бахшҳои саноат, савдо, хизматрасонӣ ва корпоратсияҳо ташкил медиҳанд.

Намояндаи Иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ ба ширкатҳо ва соҳибкорони олмонӣ дар бораи имкониятҳои бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мутаносибан ба ширкату созмонҳои маҳаллӣ оид ба бозори Олмон маълумот ва машварат медиҳад.

WhatsApp-Image-2022-03-24-at-20-23-42.jpeg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg