Бо мақсади вусъати бештари муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон мулоқоти Сафир Имомудин Сатторов бо Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс доир гардид.
Тарафҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Фаъолияти Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ҳамчун Иттиҳодияи олмонии иқтисоди хориҷӣ ба пешбурди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.