Чорабинӣ зери унвони «Бабри барфӣ-нишони покизагии табиат» дар Берлин

27.09.2021 12:31

rasmi-1-2-27-09-2021-12-17.jpg 24 сентябри 2021 Сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҳифзи табиати Олмон барои доираҳои илмӣ-иттилоотии кишвари маҳалли маъмурият чорабинӣ зери унвони «Бабри барфӣ-нишони покизагии табиат» баргузор намуд.

Тавре маълум имрӯзҳо дар шаҳри Ню-Йорк зери унвони Таҳкими иқтидорҳои муқовимат баҳри баромадан аз пандемия, барқарорсозии босуботи иқтисод ва қонеъсозии эҳтиёҷоти сайёра 76-умин Маҷмаи Умумии СММ баргузор гардида истодааст. Дар баробари масъалаҳои муҳими амниятӣ тағйири иқлим ва паёмадҳои он аз ҷумлаи дигар мавзӯҳои мубрами ҷаласаҳои чорабинии байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин дар паёми худ дар баробари мавзӯҳои мубрами минтақа аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар ин раванди тағйирёбии иқлим, ки бахусус дар минтақаи Осиёи Марказӣ барҷаста ҳувайдо гардида, паёмадҳои он мутаассифона обхезиҳои ногаҳонӣ ё хушксолиҳои бардавом, сардиҳои бесобиқа ва гармиҳои тоқатфарсову обшавии пиряхҳо гардида истодааст, аз ташаббусҳои бештар кор гиранд. Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани соли байналмилалии наҷоти пиряхҳоро дар соли 2025 аз ҷумлаи тасмимҳои саривақтӣ дар ин самт номида, барои дастгирии ин ташаббус даъват намуд. 

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо зимни баромадаш паёми Сарвари давлатро шарҳ дода, таваҷҷуҳи иштирокчиёни чорабиниро ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим, инчунин татбиқи сесолаи рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ равона намуда ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар бобати ҳифзи ҳайвонҳои нодирро мисоли барҷастаи ҳамкориҳо дар ин самт арзёбӣ кард. Сафир аз Президенти Федератсияи ҳифзи муҳити зист ва дигар доираҳои алоқаманад даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон дар бобати ҷилавгирӣ аз паёмадҳои тағйири иқлим, инчунин дар муаррифии он ҳамчун кишвари дорои табиати мусаффо ва зарфиятҳои туризми экологӣ мусоидат намоянд.

Боиси тазаккур аст, ки Федератсияи ҳифзи табиат солҳо боз бо муассисаҳои марбутаи Тоҷикистон дар бобати ҳифзи табиат аз ҷониби ҷамоатҳо ҳамкорӣ дорад. Аз намоишгоҳе, ки дар биноси Сафорат ташкил шудааст, то ба имрӯз садҳо нафар шаҳрвандони ҷавони Олмон дидан намуда, ҳамчунин аз имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва чолишҳои мавҷуда шинос гардиданд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg