Душанбе ва Берлин ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратиро баррасӣ карданд

04.09.2021 11:28

3 сентябри соли 2021 дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон (Ost-Ausschuss der Deutschen Wirtschaft) ҳамоиши фосилавӣ миёни блоки иқтисодии Тоҷикистон ва доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Олмон баргузор гардид.  

Муовини якуми Сарвазари Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни муаррифии зарфиятҳои иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузории кишвар бо ишора ба абзорҳои анъанавии мавҷуда, аз соҳибкорони олмонӣ даъват намуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар фаъолона ширкат варзанд.

Ҳамзамон, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти марбута иштирок ва суханронӣ намуданд.

Намояндагони зиёда аз 50 ширкатҳои мухталифи олмонӣ дар ҳамоиш иштирок карда, баъд аз анҷоми қисми расмии он бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.  

Пешниҳод гардид, ки чунин ҳамоишҳо дар оянда миёни бахшҳои алоҳидаи иқтисодӣ баргузор карда шаванд. Доираҳои иқтисодӣ-соҳибкории Олмон ҷиҳати дар соли оянда дар Тоҷикистон ташкил кардани ҳамоиши иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни ду кишвар изҳори омодагӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg