Тарғиби имконоту зарфиятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон дар Олмон

13.08.2021 14:26

11 августи соли 2021 дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо дар назди Раёсати Иттиҳоди соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (Der Mittelstand BVMW) роҷеъ ба имконоту зарфиятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории кишварамон баромад намуд.

Соҳибназар Ғайратшо зимни суханронӣ таваҷҷуҳи иштироккунандагони чорабинии маҷозиро оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, бахусус тасмимҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ҷиҳати беҳтарсозии вазъи иқтисодӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ҷалб намуд.

Дар интиҳо роҷеъ ба масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дипломатӣ тоҷикистонӣ ба суолҳои манзургардида посухҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Қарор гардид, ки дар ояндаи наздик ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор карда шавад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg