Эълони сабти номи намояндагони расонаҳо барои бозтоби иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

03.08.2021 14:39

15-16 сентябри 2021 дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад.

Бино бар ин, аз намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ лутфан хоҳиш мешавад, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии чорабинии мазкур то 25 августи 2021, соати 16:00 ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорат тариқи почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj (телефон +992-37-221-43-69; +992-37-221-83-95) муроҷиат карда, маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:

Барои намояндагони ВАО-и ватанӣ ва расонаҳои хориҷие, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия шудаанд:

- ному насаби хабарнигор;

- вазифа;

- номи расона;

- акси 3,5х4,5 см (300 dpic, JPEG);

- суроғаи почтаи электронӣ.

Барои намояндагони ВАО-и хориҷие, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия нашудаанд:

- ёддошти сафорат ё нома аз ҷониби роҳбари васоити ахбори омма дар бораи аккредитатсия бо замимаи рӯйхати аъзои ҳайат, вазифа ва таҷҳизоти техникӣ;

- акси 3,5x4,5 см (300 dpic, JPEG);

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар бораи васоити ахбори омма;

- шарҳи ҳоли хабарнигор;

- саволномаи (анкета, PDF) пуркардашуда;

- суроғаи почтаи электронӣ.

Бояд қайд кард, ки барои вуруд ба Тоҷикистон ва маконҳои баргузории чорабиниҳо, намояндагони ВАО-ро зарур аст, ки бо худ гувоҳнома дар бораи гузаронидани иммунизатсия (2 воя) бар зидди COVID-19 ва маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба COVID-19 — натиҷаи манфии PCR-тестро, ки давоми 72 соат (3 шабонарӯз) қабл аз баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД гирифта шудааст, дошта бошанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg