2 августи соли 2021 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикисон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар оид ба масъалаҳои ташрифот Зорӣ Аҷрон ал-Аҷрон баргузор гардид.
Зимни он мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ гардида, атрофи масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ, махсусан паҳншавии мавҷи нави коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ва вазъияти Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Штатҳои Муттаҳидаи Америка табодули афкор сурат гирифт.