ВУСЪАТИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ, МУҚОВИМАТ БА ТАҲДИДҲОИ МУОСИР ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ – ОМИЛҲОИ ҲАМГИРОИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

29.07.2021 17:52

Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

6 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон сеюми вохурии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он  Президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ширкат варзиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар назди роҳбарони давлатҳо аҳамияти Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид намуда, маҷмуи васеи масоили мубрами ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ карданд. 

Эмомалӣ Раҳмон омодагии кишварашро барои ҳамкории зич дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияи муосир, дар соҳаи сайёҳӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, нақлиёт ва амнияти энергетикӣ иброз намуда, дар шароити кунунӣ таҳияи чорабиниҳои нав ва муассири мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнокро тақозои замон ҳисобид.

Ба маҳзи таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақа Президенти Тоҷикистон ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллиро муҳим арзёбӣ намуда, андешидани чораҳои таъхирнопазирро пешниҳод намуд.

Ҳамчун Раиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (2020-2022) Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ва таъсири пандемияи короновирус, ҷалб карданд.

Дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg