Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

16.07.2021 17:10

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари обхезиҳои шадид дар натиҷаи боришоти зиёд дар кишвари дӯст, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, моро сахт андӯҳгин намуд.

Аз ҷаноби Президент хоҳиш дорам, ки ҳамдардии самимии моро ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Федеративии Олмон бирасонанд.

Ба наздикону пайвандони қурбоншудагон тасаллиёти самимии хешро изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва ба ҳамаи осебдидагон аз офати табиӣ шифои комил хоҳонам».

Emomali-Rahmon-i-Frank-Valter-SHtajnmajer.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg