Форуми байналмилалӣ таҳти унвони "Душанбе-инвест 2021"

25.06.2021 14:07

Dushanbe-invest.jpgМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми байналмилалии "Душанбе -инвест 2021" - ро аз 12 то 16 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе доир менамоянд. Инчунин, дар доираи Форум баргузории Намоишгоҳи Байналмилалии «Тоҷикистон-2021» ба нақша гирифта шудааст, ки ба соҳибкорони тоҷик ва хориҷӣ имконият медиҳад, ки молҳои худро намоиш гузоранд.

 Ҳадафи ин чорабинӣ дастгирии иқтидори содиротии фаъолияти соҳибкорӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок, бо кишварҳои хориҷи дуру наздик, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои муосир мебошад. Намояшгоҳи Байналмилалии Тиҷоратӣ "Тоҷикистон-2021" ҷаҳиши хеле муҳими боэътимод  барои ноил шудан ба ҳадафҳои муқарраршудаи иқтисодӣ буда, инчунин платформаи намоишӣ барои иқтидори кишварҳои ширкаткунанда ва захираҳои моддию зеҳнии онҳо мебошад.

Форуми дарпешистодаи "Душанбе-инвест 2021" имкониятҳои наверо барои тавсеа ва татбиқи соҳибкории шумо тавассути мубодилаи таҷрибаи касбӣ ва муаррифии лоиҳаҳои муосир ва сармоягузорӣ фароҳам меорад.

Мо тамоми доираҳои тиҷоратии Олмонро барои иштирок дар Намоишгоҳи Байналмилалии Тиҷорати "Тоҷикистон-2021" даъват менамоем.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, шумо метавонед бо ташкилкунандаи намоишгоҳҳо - Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути телефони 992-37-2271378 тамос гиред, ё дар вебсайти http://www.tpp.tj,  https://dushanbeinvest.com

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg