Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири рушди иқтисод, кор ва фанноварии Лаҳистон

24.05.2021 20:02

21 майи 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон (бо қароргоҳаш дар Берлин) Ғайратшо Соҳибназар дар чаҳорчӯби сафари корӣ бо Муовини вазири рушди иқтисод, кор ва фанноварии Ҷумҳурии Лаҳистон Роберт Томанек дидору гуфтугӯ кард.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, муҳоҷирати корӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон, инчунин  ҳамоишҳои соҳибкорони ду кишвар метавонанд саҳифаи навро дар робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар боз намоянд.

Сафир аз доираҳои иқтисодию тиҷоратии Лаҳистон даъват кард, ки дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон иштирок намоянд.

bo-waziri-rushd-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg