Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири давлатии Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон

22.05.2021 07:43

20 майи 2021 вохӯрии маҷозии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири давлатии Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон Нилс Аннен баргузор гардид. 

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла нақшаи муштараки амали ташаббуси минтақавии Олмон “Осиёи Марказии сабз” ва дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии худро барои тавсеа ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ иброз намуданд.

11111.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg