Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Бундестаги Олмон

07.05.2021 15:02

7 майи 2021 дар Берлин мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо роҳбари Гурӯҳи байнипарлумонии “Олмон ва Осиёи Марказӣ”, вакили Бундестаг Манфред Грунд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ пиромуни густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун ва рушди робитаҳои байнипарлумонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо инчунин дар барои ҳодисаҳои ахир ва вазъи кунунӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо Қирғизистон изҳори назар карданд.

Сафир нақши созандаи роҳбарияти олии кишвар дар таъмини сулҳу субот ва саъйи мардуми тоҷик ба барқарорсозии робитаҳои неки ҳамҷаворӣ ба хотири рушди минтақаро таъкид намуд.

aks.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg