Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли САҲА

07.05.2021 13:35

7 майи 2021 мулоқоти маҷозии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Ҳелга Шмид сурат гирифт. Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Масъалаҳои марбут ба вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар меҳвари ин суҳбат қарор дошт.

С.Муҳриддин дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон иттилоъ дода, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар дар ҳама сатҳҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад, аз ҷумла тавофуқот дар мавриди эълони оташбас ва омодагии ҷонибҳо барои ҳалли вазъияти бавуҷудомада аз тариқи гуфтушунид ва бо истифода аз василаҳои сиёсию дипломатӣ маълумот дод.

Ҳ.Шмид аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва ҳалли низои мусаллаҳона дар қитъаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол намуда, ба риояи уҳдадориҳои дар чаҳорчӯби САҲА гирифташуда тавассути идомаи кӯшишҳо ва музокирот барои коҳиш додани шиддати вазъ ташвиқ намуд. Зимнан Дабири кулли САҲА кумаки ҳамаҷонибаи Созмонро барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати бавуҷудомада пешниҳод кард.

Ғайр аз ин, мусоҳибон аҳаммияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва аслиҳа таъкид намуданд. Масъалаҳои ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеа низ муҳокима шуданд.

Дар мулоқот вазъи Афғонистон матраҳ гардида, саҳми Тоҷикистон ва нақши лоиҳаҳои минтақавӣ дар раванди эҷоди сулҳ ва эҳёи иқтисодӣ дар ин кишвар муҳим арзёбӣ шуданд. Дар ин маврид нақши Коллеҷи идораи сарҳадии САҲА барои кормандони аршад дар Душанбе дар бозомӯзи онҳо дар масъалаҳои идораи сарҳадӣ дар минтақаи САҲА таъкид гардид.

С.Муҳриддин қайд намуд, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун платформаи муҳим барои муколамаи созанда шуморида, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо Созмон ҳавасманд мебошад.

Тарафайн барои истифодаи имкониятҳои фаровон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар чорчӯби се ченаки САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ изҳори омодагӣ намуданд. 

IMG-8271-07-05-2021.jpg

IMG-20210507-WA0006-07-05-2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg