Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози кишварии СММ

07.05.2021 12:35

7 майи 2021 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

С. Муҳриддин дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон иттилоъ дода, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар дар ҳама сатҳҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад, аз ҷумла идомаи гуфтушунидҳо дар доираи Комиссияи байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба  делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот дод. Дар ин росто таъкид гардид, ки Душанбе иродаи қавии сиёсӣ дорад, ки ҳамаи масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз бо Қирғизистонро танҳо аз тариқи музокирот ва бар пояи тавофуқоти қаблии тарафайн ҳаллуфасл кунад.

С. Синаноғлу аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва имзои протоколҳо оид ба ҳалли низоъ дар қитъаҳои наздисарҳадӣ ва азсаргирии гуфтушунидҳо оид ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон истиқбол намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва муассисаҳои тахассусии СММ-ро баррасӣ карданд.

IMG-8267-07-05-2021.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg