МУҚАРРАРОТИ САФАР БА ТОҶИКИСТОН (дар ҳолати 19.04.2021)

19.04.2021 11:13

izobrazhenie-viber-2021-01-06-16-06-27.jpg

Соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳзи ҷилавгирӣ аз хурӯҷи пандемияи коронавируси SARS-COV-2 чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ карда, парвозҳои байналмилалиро бекор ва вуруду хуруҷ ба қаламрави кишварро муваққтан манъ намуд.

Бо инобати беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ дар дохили кишвар Тоҷикистон марҳила ба марҳила маҳдудиятҳои амалкунандаро бекор карда истодааст.

Ба ҳолати имрӯза сафар ба Тоҷикистон танҳо тариқи хатсайрҳои ҳавоӣ имконпазир аст. Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо паҳншавии бемории сироятии коронавирус миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Россия ва Ӯзбекистон парвозҳои мустақим барқарор шуда, парвозҳои чартерӣ ба Ҳиндустон ва Беларус анҷом дода мешаванд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ метавонанд аз хатсайрҳои транзитӣ истифода намоянд.

Гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон бо ҳамсоякишварҳои худ то қабули қарори дахлдори Ҳукумати кишвар муваққатан баста боқӣ хоҳанд монд.

Барои сафар ба Тоҷикистон раводиди амалкунанда ва натиҷаи манфии ташхис (PCR Test) талаб карда мешаванд. Муҳлати амали озмоиш бояд на зиёда аз 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистонро ташкил диҳад.

Мусофироне, ки аллакай ваксинаи зидди Covid-19-ро доранд, метавонанд бо пешниҳоди шаҳодатномаи тасдиқкунанда сарҳади Тоҷикистонро убур кунанд. Қабл аз сафар фосила баъд аз гирифтани вояи дуюми ваксина 30 шабонарӯзро тақозо менамояд.  

Бо назардошти вазъи дар боло зикршуда, муҳлати баррасии дархостҳо барои судури раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбатан дарозтар хоҳад буд. Тавсия медиҳем, ки барои гирифтани раводиди Тоҷикистон сари вақт ва бо инобати муҳлат дарозтар тавассути сомонаи гирифтани раводид (www.visa.gov.tj) дархост гардида, сафари шумо ба таври кофӣ асоснок карда шавад.  Иттилои иловагӣ:

https://mfa.tj/tg/berlin/masalahoi-konsuli/khizmatrasonihoi-konsuli/vizai-muqarrari 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg