Ба истиқболи 110-солагии мунодии сулҳ - Мирзо Турсунзода

15.04.2021 18:03

„Ҳамеша бо Ватан будам, Ҳамеша бо Ватан масрур...“

mIRZO-tURSUNZODA.jpgМирзо Турсунзода 19 апрели соли 1911 (2 майи соли 1911) дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (ҳозира Шаҳринав) таваллуд ёфтааст. Фаъолияти эҷодии Мирзо Турсунзода аз соли 1930 сар мешавад. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи “Байрақи зафар” (1932) аз чоп мебарояд. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин саҳифҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст. Соли 1935 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кор оғоз карда,  то соли 1946 дар вазифаҳои гуногуни адабиву рӯзноманигорӣ фаъолият намудааст. Соли 1946 раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт ва то дами вопасин дар ин вазифа фаъолият кард.

Мирзо Турсунзода ҳамчун муборизу тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои байналмилалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ анҷом дода, дар роҳи таҳкими сулҳу дӯстии кишварҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст. Дар натиҷаи сафарҳояш ба Деҳли, Исломобод, Париж, Варшава, Вена, Қоҳира, Стокголм, Хелсинки, Доруссалом, Ҷакарта, Конакри М. Турсунзода чун шахсияти барҷастаи фарҳангию иҷтимоӣ ба камол расид ва Тоҷикистону халқи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуд.

Соли 1960 Ҳукумати шӯравӣ хизматҳои барҷастаи шоирро ба назар гирифта, барои достони “Ҳасани аробакаш” ва силсилаи шеърҳои “Садои Осиё” ӯро бо Ҷоизаи Ленинӣ мушарраф мегардонад. Достони “Ҳасани Аробакаш” муборизаи ду тартибу низом, яъне ҳаёти нав бо кӯҳна ва гузариш ба ин давраро ифода мекунад.

Мирзо Турсунзода соли 1961 ба нахустин унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон шарафёб мегардад. Мирзо Турсунзода 24 сентябри соли 1977 дар шаҳри Душанбе олами фониро тарк  мекунад.

Соли 2001 дар арафаи 90-солагии шоир фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба ин фар­зан­ди фарзонаи миллат пас аз маргаш додани унвони “Қаҳрамони Тоҷи­кис­тон” ба имзо расид.

Барои мутолиа ва шунидани Асарҳои Мирзо Турсунзода лутфан ба ин ҷо ворид шавед

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg