28 феврали соли 2021 ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия 29 сол пур шуд.
Германия 28 феврали соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва соли 1993 ҳамчун нахустин давлати Иттиҳоди Аврупо намояндагии дипломатии худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Нахустин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо соли 1994 дар шаҳри Бонни Германия кушода шуд.
Тӯли ин солҳо ба туфайли эҷоди абзорҳои муҳим ва сафарҳои баландпояи ҳар ду кишвар робитаҳои Тоҷикистону Германия густариш ёфта, ҳамакнун бахшҳои мухталифи ҳаётро фаро мегиранд. Германия дар солҳои нахустини баъди истиқлолият дар раванди таъмини сулҳ ва демократикунонӣ дар Тоҷикистон бевосита иштирок ва дар барқарорсозии иқтисоди баъдиҷангӣ мусоидат намудааст.
Омили танзимкунандаи робитаҳои ҳар ду кишварро пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Миёни Тоҷикистон ва Германия зиёда аз 40 санадҳои ҳуқуқӣ ба имзо расидаанд. Машваратҳои сиёсии ҳамасола миёни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ аз ҷумлаи дигар абзорҳои муносибатҳои ҳарду кишвар ба ҳисоб мераванд.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Германия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва барномаҳои минтақавӣ аз қабили СММ, САҲА Ташаббуси ИА барои Осиёи Марказӣ, Осиёи Марказии Сабз, барномаи ПАТРИП ва дигар сиғаҳо бозгӯи ҳусни тафоҳуми ҳар ду кишвар баҳри боз ҳам вусъат додани муносибатҳои дӯстона мебошад.