Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ: Ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ

09.12.2020 16:13

shanghai.png

10 ноябри соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон Раисии Созмони ҳамкории Шанхайро ба ӯҳда гирифт. Раёсати кишвар дар ин созмони байналмилалии минтақавӣ то ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, ки қарор аст соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, идома хоҳад ёфт. Ҷумҳурии  Тоҷикистон зимни раисии худ зери шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» дӯстӣ ва ҳамҷавории нек миёни давлатҳои аъзоро таҳким бахшида бо нияти таъмини суботу амният дар минтақа ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мусоидат хоҳад кард. Такмили  пояи қарордодӣ-ҳуқуқии Созмон ва тавсеаи абзорҳои ҳамкорӣ аз ҷумлаи дигар мақсадҳои Тоҷикистон зимни раисии кишвар дар СҲШ ба ҳисоб мераванд. Ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои муштарак дар доираи Созмон рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисод, маориф, фарҳанг ва дигар самтҳои инъикоскунандаи манфиатҳои муштарак ба ҳисоб меравад. Дар доираи раисӣ дар самти сиёсӣ диққати бештар ба таҳкими иттиҳоди дохилисозмонӣ ва эътимоди мутақобила, инчунин ҳамоҳангсозии мавқеъҳо роҷеъ ба масоили минтақавӣ ва байналмилалии ба манфиатҳои Созмон созгор равона хоҳад шуд. Дар самти ҳамкориҳои амниятӣ тақвияти ҳамкориҳо дар масоили муқовимат ба терроризм, сепаратизм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамчунин мубориза бар зидди киберҷиноятҳо, ҷилавгирӣ аз паҳншавии ғояҳои радикалӣ ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ сурат хоҳад гирифт. Бо таъкид бар аҳамияти махсуси мушкилоти дар боло зикршуда, аз ҷумла мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, Тоҷикистон ташаббус намудааст, ки дар шаҳри Душанбе Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ-ро ташкил кунад ва зимни раисииаш дар Созмон барои пешбурди ин масъала мусоидат хоҳад кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷаласаи маҷозии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ диққати махсусро ба чолишҳои иҷтимоию иқтисодии марбут ба пандемияи коронавирус ҷалб кард. Дар ин робита, аҳамияти таҳия ва қабули Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа дар доираи СҲШ таъкид карда шуд, ки ба коҳиш ва рафъи паёмадҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, молиявию озуқавории пандемияи коронавируси Covid-19 равона карда шудаанд.

1605075180-prezident-tadzhikistana.jpg

Ҳамчунин соли 2021 дар Тоҷикистон нишасти вазирони кишоварзии кишварҳои узви СҲШ ба нақша гирифта шудааст. Қарор аст, ки ин чорабинӣ бо иштироки роҳбарони хадамоти байторӣ, беҳдошт ва фитосанитарии кишварҳои узви СҲШ баргузор шуда, дар доираи он маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рафъи оқибатҳои озуқавории пандемия баррасӣ гарданд. Инчунин зимни раисии Тоҷикистон дар соҳаи гуманитарӣ, дар баробари дигар вазифаҳо ва ташаббусҳои муҳим, рушди ҳамкориҳои байни кишварҳо дар соҳаи «сайёҳии хушманд» (smart-tourismus), таъмини бехатарии сайёҳон ва кам кардани хатарҳо баргузории як қатор чорабиниҳои фарҳангию гуманитарӣ ба нақша гирифта шудаанд. Тоҷикистон ният дорад, ки ба тавсеаи мубодилаи донишҷӯён байни кишварҳои узви СҲШ, мубодилаи таҷриба миёни марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳлилии давлатҳои аъзои СҲШ мусоидат намояд. Инчунин ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ ва масъалаҳои тағирёбии иқлим, аз ҷумла баргузории мулоқоти роҳбарони вазорату идораҳои масъули ҳифзи муҳити зист таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад. Тоҷикистон зимни раисии худ барои таҳкими минбаъдаи эътибори СҲШ дар арсаи байналмилалӣ талош варзида, ба ҳамгироии фаъоли давлатҳои нозир ва шарикони мусоҳибавӣ ба кори абзорҳои ҳамкории СҲШ мусоидат хоҳад кард. Инчунин муколама ҷиҳати ба расмият даровардани муносибатҳои СҲШ бо муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ бо созмонҳои шарик идома хоҳанд ёфт. Дар тӯли раисии худ кишвар ният дорад, ки ба фаъолияти Гурӯҳи тамоси “СҲШ - Афғонистон» ва амалисозии харитаи роҳ мусоидат намояд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Берлин 2020

 

Нигористон

Тақвим