Тағйирёбии иқлим дар шароити пандемия (Ковид-19) дар Осиёи Марказӣ

19.10.2020 12:33

logo-konferenz.jpg

Конфронси сеюми Осиёи Марказӣ оид ба тағирёбии иқлим, ки мебоист рӯзҳои 16-17 июн дар Душанбе баргузор мешуд, дар шакли онлайн гузаронида мешавад.

Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба тағирёбии иқлим -2020 аз 19 октябр то 23 октябр идома ёфта, дар доираи лоиҳаи "Барномаи мутобиқшавӣ ва кам кардани оқибатҳои тағирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал" (CAMP4ASB) ташкил карда шудааст. Ин идомаи ташаббуси Бонки Ҷаҳонӣ оид ба табодули дониш ва иттилоот дар бораи тағирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки соли 2013 оғоз ёфта буд.

Ҳадафи конфронс ин мусоидат ба таҳкими муколамаи минтақавӣ оид ба тағирёбии иқлим ва рушди устувор тавассути мубодилаи иттилоот ва донишҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад. Вазифаи дигар баланд бардоштани сатҳи огоҳии кишварҳои минтақа дар бораи таҷрибаи омӯхташуда вобаста ба тағирёбии иқлим ва пандемия (COVID-19) мебошад.

Интизор меравад, ки Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба тағирёбии иқлим -2020 бо муаррифии санади ниҳоӣ, ки барои ташаккули назари муштараки минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тағирёбии иқлим замина мегузорад, ба анҷом хоҳад расид.

Барнома ҷаласаҳои канориро дар бар мегирад, ки дар онҳо таъсири тағирёбии иқлим ва масъалаҳои ташаккули сиёсати иқлим дар шароити пандемияи коронавирус муҳокима мешаванд. Ғайр аз он, масъалаҳои маблағгузории тадбирҳои тағирёбии иқлим, таҳияи мониторинги иқлим, такмили хадамоти иқлим ва ғайра муҳокима карда мешаванд.

Конфронс аз 19 то 23 октябр тавассути сомонаи www.carececo.org мустақиман пахш хоҳад шуд.

 

Нигористон

Тақвим