ЭЪЛОН!

02.10.2020 09:56

intikhobot.jpg  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия ба таваҷҷуҳи  ҳамватанон мерасонад, ки 11 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Бо ин мақсад мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар бинои намояндагии дипломатӣ, воқеъ дар суроғаи шаҳри Берлин, кӯчаи Перлебергерштрассе 43, 10559 Берлин, участкаи интихоботӣ ташкил карда шуд.Шаҳрвандоне, ки барои иқомати доимӣ, инчунин таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ, муолиҷа, сафари хизматӣ, ва масъалаҳои хусусӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Федеративии Германия қарор доранд, метавонанд аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода бурда, рӯзи 11 октябр соли равон аз соати 06:00 то 20:00 ба бинои Сафорат ташриф биёранд ва барои номзади муносиби худ овоз бидиҳанд.Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар овоздиҳӣ бояд шиносномаи амалкунандаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо худ дошта бошанд.Шумо ва аъзои оилаатонро, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, барои иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамоем.Иштирок дар интихобот масъулияти шаҳрвандӣ буда, овози шумо ҳалкунанда аст. Дар ҳаёти сиёсии Ватан иштирок намуда, созандагони ояндаи дурахшони он бошед!

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Федеративии Германия

Суроға

Botschaft Tadschikistan

Perleberger Str.43

10559 Berlin

Tel: 030 34 79 30-0

Нигористон

Тақвим