САРЧАШМАИ ЭНЕРГИЯИ САБЗ ДАР ДИЛИ КӮҲҲО

24.09.2020 08:46

22 сентябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду блоки аввали нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд дар ҷануби кишварро (Леваканд) ба истифода дод. Айни замон блокҳои энергетикии 4 ва 5 пурра азнавсозӣ гардида, корҳои таъмири агрегатҳои 2 ва 6 ба анҷом расиданд. Таҷдиди энергоблоки 3 ҳоло идома дорад. Иқтидори пешбинишудаи нерӯгоҳи обӣ аз 240 то 270 МВт мебошад.

"Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд" иншооти муҳим ва стратегии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамзамон дар якҷоягӣ бо таҷдиди дигар иншооти мавҷудаи гидроэнергетикӣ барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ такони нав хоҳад бахшид" изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳ.

50370361003-b035a9ec8a-o.jpg

 

Нигористон

Тақвим