Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни 75-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ паёми видеоӣ фиристод

23.09.2020 18:01

Prezident.jpg  22 сентябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар иҷлосияи 75-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистону ҷаҳон сухан ронда, ба чолишҳое, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ истодаанд, дахл кард. Ғайр аз ин, ӯ инчунин афзоиши таҳдидҳои терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро қайд кард. Президент як қисми суханронии худро ба тағирёбии иқлим бахшид.

Бо назардошти таҷрибаи Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин таҷрибаи қаблии сулҳофариаш Президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кишвараш мехоҳад узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милалро барои давраи солҳои 2028-2020 пешниҳод кунад.

Президенти Тоҷикистон аз обшавии пиряхҳо ва оқибатҳои он ба зиндагии аҳолии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кард. Вай аз СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва кишварҳои узви ин созмони бонуфуз даъват ба амал овард, ки Тоҷикистонро дар ташкили экспедитсияи илмии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ кунанд.

Тоҷикистон то 99 фоизи захираҳои энергетикии худро аз манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия тавлид мекунад ва партоби гази карбон ночиз аст. Аз ин рӯ Президент пешниҳод мекунад, ки истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия ҳамчун шароитҳои ҳошиягӣ барои иқтисоди сабз аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ карда шуда, ба стратегияҳо ва барномаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ мусоидат сурат гирад.

Дар хотимаи суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро ба лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистон нисбати конфронси СММ оид ба арзёбии ҳамаҷонибаи миёнамӯҳлати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор 2018-2028" ҷалб кард.

Суханронии Президент тавассути видео намоиш дода шуд.

Шумо метавонед матни пурраи суханронии президенти Тоҷикистонро дар иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ дар ин ҷо бихонед.

Нигористон

Тақвим