Иттилоия оид ба тартиби тамдиди раводиди Шенген

22.09.2020 16:35

Иттилоъ дода мешавад, ки аз 1 октябри соли ҷорӣ дорандагони раводиди Шенген, ки бинобар шуюи коронавирус ва маҳдудиятҳои аз ҷониби кишварҳои ҳавзаи Шенген ҷоригашта саривақт ба Тоҷикистон баргашта натавонистанд, ҷиҳати тамдиди будубоши қонунии худ то пайдо шудани имкони бозгашт ба ватан бояд ба мақомоти салоҳиятдори ҷойи зисти худ муроҷиат намоянд.

Ҳамин тавр қарори Вазорати федералии корҳои дохилии Германия аз 17 июни соли 2020, ки ба дорандагони раводиди Шенген бидуни тамдид имкони будубошро то 30 сентябри соли 2020 дода буд, дигар тамдид намешавад.

schengen-444e16e2247d62d47b4189c12d5f2b60.png

 

Нигористон

Тақвим