Баррасии ҳамкориҳо бо Фонди Конрад-Аденауэер

17.08.2020 14:19

14 августи соли 2020 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо намояндагони Фонди Конрад Аденауэри Олмон баргузор гардид. Зимни мулоқот имкони ҳамкориҳои Фонд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мусоидат ба равандҳои демократикунонӣ ва  иқтисоди бозаргонии иҷтимоӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.  Роҳандозии музокирот баҳри ҳифзи амният, татбиқи ислоҳотҳои ҷории Тоҷикистон, амалисозии  Иқтисоди сабз ва ҳифзи муҳити зист, ҳамчунин муколама миёни фарҳанг ва динҳо ва дар ин росто имкони шарикӣ бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, имкони пешниҳоди стипендияҳо барои донишгоҳҳо, мубодилаи парлумониҳо аз ҷумлаи мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо  ҳисоб меёфт.

Фонди Конрад-Аденауер дар 70 кишварҳои ҷаҳон намояндагиҳои худро дошта, дар 120 кишварҳо лоиҳаҳои мухталифро амалӣ мекунад. 

KAS2020-2.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg