Ифтитоҳи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар Душанбе

21.07.2020 19:24

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иншооти варзишии “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ” расман ифтитоҳ ёфт.

Тавре сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ изҳор дошт: "Миллати тоҷик ҳанӯз дар замонҳои қадим бо ойинҳои ҷавонмардиву паҳлавонӣ маъруф буд ва мо ифтихор дорем, ки ҷавонони имрӯзаи мо ойину анъанаҳои гузаштагони некноми худро содиқона идома медиҳанд. Cармоягузорӣ ба рушди ҷавонону варзишгарон ва фароҳам овардани шароити беҳтарин барои онҳо - сармоягузорӣ ба ояндаи ободи Ватан ва пешрафти миллат мебошад“, изҳор дошт Сарвари кишвар.

Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ намудем, яке аз бузургтарин маҷмааҳои варзишии мамлакат ба ҳисоб рафта, беҳтарин туҳфа барои ҷавонону варзишгарон ва дӯстдорони варзиш ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Маҷмаа аз қасри теннис барои 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 280 воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ бо 2 ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 285 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборат буда, ҳамчунин, дар шафати он ҳашт майдони теннис, ки ҳар кадом дорои 1000 ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.

Қасри варзиши обӣ дар масоҳати қариб 22 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз се ошёна иборат аст.

Дар ошёнаи якум чор ҳавзи шиноварӣ барои намудҳои гуногуни машқи обӣ ва ҳавзи кӯдакона ҷойгир буда, ҳамаи онҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидаанд. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот толорҳо барои баргузории чорабиниҳои гуногун ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир шудаанд.

Дар шафати Қасри варзиши обӣ, ҳамчунин, ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон мувофиқ мебошад. Иншооти мазкур дар масоҳати умумии қариб 8 ҳазор мураббаъ бо 288 ҷойи нишаст бунёд гардида, барои баргузории чор намуди варзиши обӣ пешбинӣ шудааст.

Қасри теннис панҷошёна буда, дар 42 ҳазор метри мураббаъ се майдони теннис, толорҳои гӯштингирӣ, варзиши умумӣ ва машқу тамрин ҷойгир карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардида, тамоми пешниҳоду тавсияҳои ин ташкилоти ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта шудаанд.

Дар маҷмаа таҷҳизоти махсус насб гардидааст, ки тавассути он сабтҳои видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мустақиман ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешаванд. Он ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошад ва дар он имконияти баргузор намудани на танҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муҳайё гардидааст.

50136581417-350558d40b-o.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg