Хабари Вазорати корҳои хориҷӣ

19.03.2020 14:26

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бино бар қарори Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ки дар Чин, Эрон, Италия, Ҷумҳурии Корея, Афғонистон, Фаронса, Испания, Шветсия, Швейтсария, Британияи Кабир, Норвегия, Нидерланд, Олмон, Белгия, Дания, Япония ва Иёлоти Муттахидаи Америка қарор доштанд, ва ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ба мақсади пешгирии интишори коронавируси нав (COVID-19) ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурӣ ба намояндагҳо дипломатии Тоҷикистон дар Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муроҷиат кунанд.
Дар сурати ба миён омадани саволҳои иловагӣ лутфан ба гурӯҳи “Тоҷикон” дар шабакаи мухобиротии WhatsApp зери рақами +4915213073751 ворид шавед ва ё бо рақами мобилии +49 (0) 152 130 737 51 тамос гиред!

korona-cavid19.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg