Захираҳои табиӣ

16.03.2020 14:07

Истихроҷи барои муҳити зист безарари захираҳои табиӣ

Mineral-nie-resursi-Tadzhikistana.jpg Дар ҷараёни корҳои иктишофӣ, ки дар қаъри замини Тоҷикистон гузаронида шудааст, садҳо конҳои ашёи хоми муфид муайян, кашф ва дар баъзе ҳолатҳо барои рушди саноат коркард карда шудаанд. Ба онҳо аз ҷумла сурб, руҳ, мис, висмут, сурма, симоб, металлҳои қиматбаҳо, молибден, волфрам, оҳан, қалъагӣ, ашёи хоми дорои бор, фтор, флуорит, намаки сангӣ, стронсий, сангҳои саноатӣ, элементҳои нимқиматбаҳо ва қиматбаҳо, сангҳои сохтмонӣ ва ғайра дохил мешаванд. Ҳамчунин миқдори зиёди дигар намудҳои ашёҳои минералии барои соҳаи сохтмон, ангишт, антрасит, графит, нафт ва гази табиӣ, озокерит (равғани кӯҳӣ), чашмаҳои зеризаминии бидуни намак ва обҳои маъданӣ, фосфорит дигар маъданҳои аз лиҳози саноатӣ муфид мавҷуд аст. Дар маҷмӯъ беш аз 50 навъи маъданҳои фоиданок ва зиёда аз 400 конҳои маъданӣ кашф шудаанд. Танҳо дар вилояти Суғд ба ҷуз аз конҳои сурма ва симоб, 214 конҳои дигар навъи маъданҳо аз қабили сурб, руҳ, мис,висмут, молибден, волфрам, стронсий, оҳан, тилло,нуқра, ангишти маъданӣ, қалъагӣ, флуорит, намаки сангӣ ва дигар ашёҳои металлӣ ва ғайри металии қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо кашф карда шудаанд.

Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ арзиши маъданҳо ва металлҳо (асосан тилло, нуқра, руҳ, сурма ва сурб), ки дар кони “Учкадо” мавҷуданд, аз миллиардҳо доллар зиёдтар аст. Дар заминаи конҳои кашфшудаи намудҳои гуногуни маъданҳои фоиданок дар Тоҷикистон корхонаҳои коркарди ашёи хом, шахтаҳои истихроҷи ангишт, карйерҳо, комбинатҳои маъдантозакунӣ ва фабрикаҳои нав ба вуҷуд омаданд. Корхонаҳои коркарди металлҳои ранга, моддаҳои кимиёӣ, семент, коркарди конҳои ғайримаъданӣ бояд захираҳои мавҷударо коркард кунанд. Ҳамзамон дар заминаи чашмаҳои гарм, оби зеризаминии ошомиданӣ ва дигар маъданҳои фоиданок осоишгоҳҳо ва муассисаҳои тиббӣ таъсис дода шудаанд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93% қаламрави онро куҳҳо ташкил медиҳанд, масъалаи рушди минбаъдаи иктишофи геологӣ ва истифодаи маъданҳои минералӣ ҳамчун масъалаҳои муҳим барои рушди устувори иқтисодиёт ва истиқлолияти иқтисодӣ боқӣ монда, ҳамзамон имкони хуби ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба ҳисоб мераванд.

Ҳолати захираи маъданиву минералии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз чунин тавсиф мешавад:

  1.  Тилло.
  2.  Нуқра
  3.  Сурб ва руҳ
  4.  Сурма
  5.  Қалъагӣ
  6.  Волфрам
  7.  Оҳан
  8.  Алюминий
  9.  Стронтсий
  10.  Ангишт
  11.  Намаксанг
  12.  Фосфорит
  13.  Маҳсулоти сохтмонӣ

 

Нигористон

Тақвим