«Раванди Душанбе оид ба масоили об». 2-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028"

18.02.2020 13:57

Истифодаи самараноки захираҳои оби ошомиданӣ, ки манбаи аз ҳама осебпазир дар шароити тағирёбии иқлим ба ҳисоб меравад, дар расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим дорад.  Тӯли понздаҳ соли охир Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви СММ ва оҷонсиҳои СММ як қатор ташаббусҳои глобалӣ, аз ҷумла "Соли байналмилалии оби тоза, 2003", Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт, 2005-2015", "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 "ва Даҳсолаи нави байналмилалии амал" Об барои рушди устувор, 2018-2028"-ро пешниҳод намудааст. Онҳо ҳамчун як платформаи саривақтӣ ва муфид барои ҳамкориҳо дар самти пешбурди истифодаи ҳамаҷонибаи захираҳои об ва суръат бахшидани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва санитария, инчунин ноил гардидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об хидмат мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, тавассути «Раванди Душанбе оид ба масоили об» майдонро барои муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амал тавассути ташкили конфронсҳои сатҳи баланд бо дастгирии СММ ва дигар шарикон дар тӯли Даҳсолаи амал оид ба захираҳои об таъмин кунад. Бо ин мақсад, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон, 18-20 июни соли 2020 дар ш. Душанбе 2-юмин Конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" баргузор хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки дар рафти конфронс намояндагон аз  доираҳои сиёсӣ, башҳои захираҳои об, молия, энергетика, саноат, ҳифзи беҳдошти омма, маориф, шаҳрсозӣ, рушди деҳот, инчунин мутахассисони ҳифзи муҳити зист  бо ибрози иродаи сиёсӣ ва дарки ӯҳдадориҳо нисбати чолишҳои мавҷуда ғояҳои нав, афкори прогрессивӣ ва идеяҳои созандаву инноватсиониро баҳри ҳалли проблемаҳои марбут ба об ва дастрасӣ ба он ҳаллу фасл хоҳанд кард.

Конфронсро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушд (DESA) ҳамраисӣ хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи шуморо даъват менамоем, ки дар ин конфронси муҳим ширкат варзанд. Иттилои бештарро роҷеъ ба муҳтавои барнома ва сабти ном Шумо метавонед дар сомонаи расмии Конфронс зери суроғаи   https://dushanbewaterprocess.org 

пайдо карда, бо суроғаи зерин штироки худро тасдиқ намоед.

https://dushanbewaterprocess.org/registration/

foto-23_medium.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg