Мулоқот бо Сарвазири музофоти Шлезвиг-Ҳолштайни Олмон

13.01.2020 17:30

9 январи соли 2020 Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Сарвазири музофоти федеролии Шлезвиг-Ҳолштайн, ҳамзамон ноиби Президенти Бундесрати Олмон ҷаноби Даниел Гюнтер дидору гуфтугӯ кард.

Зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон рушди муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Олмонро баланд арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҷониби Тоҷикистон хостори рушди муносибатҳои мустақим байни музофотҳои ҳарду кишвар мебошад. Бо назардошти таҷрибаи арзишманди музофоти Шлезвиг-Ҳолштайн дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ Сафир ташкили форумҳои иқтисодӣ миёни соҳибкорони ҳарду кишварро саривақтӣ арзёбӣ карда, мавҷудияти минтақаҳои озоди иқтисодиро дар Тоҷикистон заминаи мусоид барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои соҳибкорону сармоягузорон арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳои ҳамчунин дар бобати мубодилаи таҷриба миёни хизматчиёни муассисаҳои давлатӣ ва соддагардонии муқаррароти содироти чорвои шохдор аз қаламрави Олмон ба Тоҷикистон суҳбат намуданд.

Ҷаноби Даниел Гюнтер алоқамандиашро барои фароҳам овардани имкониятҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар ҳама соҳаҳои мавриди назари ҷонибҳо изҳор кард.

mit-Premierminister-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg