Ҷалби зарфиятҳои иқтисодии Шлезвиг-Ҳолштайни Олмон ба Тоҷикистон

10.01.2020 11:35

9 январи соли 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо дар доираи боздидҳои  илтифотӣ ба устони  Шлезвиг-Ҳолштайни Олмони шимолӣ сафари корӣ анҷом дод. Зимни мулоқот бо вазири иқтисод, нақлиёт, шуғли аҳолӣ, технология ва туризми ин устон Бернд Бухҳолтс роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ  миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устонҳои Олмони шимолӣ мубодилаи афкор баргузор гардид.

Ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии кишвар ва ислоҳотҳои роҳандозишуда барои соҳибкорони олмонӣ заминаҳои хуби ҳамкориҳоро ба вуҷуд овардааст. Мавҷудияти сарчашмаҳои энергияи таҷдидшаванда, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ашёи хом, ҳамчунин дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ аз ҷумлаи омилҳои ҳавасмандии соҳибкорону сармоягузорон таъкид гардиданд. Соҳибназар Ғайратшо аз Вазири иқтисод дархост намуд ки ҷиҳати баргузории ҳамоишҳои доираҳои иқтисодиву тиҷоратии ҳар ду кишвар мусоидат намояд. Аз ҷаноби Бухҳолтс даъват ба амал оварда шуд, ки дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва форуми ҳамасолаи соҳибкорон дар ш. Душанбе иштирок намояд.

Худи ҳамон рӯз дар Палатаи савдо ва саноати шаҳрҳои Любек ва Киел муаррифии зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид. Бо назардошти қувваи барқи арзон, зарурати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, мавҷудияти қувваи кории мусоид ва фазои афзалиятноки сармоягузорӣ  ҷонибҳо роҷеъ ба имкони воридсозии муосиртарин дастовардҳои фаннии ширкатҳои олмонӣ дар равандҳои саноатикунонӣ, имкони истифодаи инфрасохторҳои мавҷуда ва такмили ихтисос мубодилаи афкор анҷом доданд.

Музофоти Шлезвиг Ҳолштайн дар баробари дастрасӣ ба бандару халиҷҳо дар истеҳсоли энергияи таҷдидшаванда аз боду офтоб, табдили барқ ба газ, коркарди партовҳои сунъӣ, саноати хурока, инчунин татбиқи технологияҳои иттилоотӣ пешсаф буда, ба туфайли инфрасохторҳои хуби сайёҳӣ ва низоми соддагардонидашудаи андозбандӣ солона то 30 милион сайёҳонро мепазирад.

vokhuri-bo-vaziri-iktisodi-shlezvig.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg