Табодули афкор дар бобати мубодилаи академикӣ миёни донишгоҳҳои Олмону Тоҷикистон

10.01.2020 16:31

Дар робита бо татбиқи дастуру роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба эълони „ “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки зимни Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ ироа шуд, 9 январи соли 2019 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо ноиби Президенти Донишгоҳи Кристиан-Албрехти ш. Киел профессор Аня Пистор ва роҳбари Маркази байналмилалии ин донишгоҳ доктор Мартина Шмоде мулоқот анҷом дод.

Сафир зимни мулоқот таҷрибаи Олмон дар самти таҳсили дуалӣ (таҳсил ва ҳамзамон фаъолият дар истеҳсолот) ва тамаркуз ба пажуҳиш дар илмҳои табиатшиносиро қобили омӯзиш арзёбӣ намуда, бо назардошти тасмимҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати саноатикунонии кишвар ва воридсозии дастовардҳои илм ва инноватсия дар соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ ва гидроэенергетика ҳавасмандии донишгоҳҳои Тоҷикистонро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ин донишгоҳи куҳантарин ва маъруфи Олмон иброз дошт.

Соҳибназар Ғайратшо дархост намуд, ки ба донишҷӯёни тоҷик  барои иштирок дар курсҳои кутоҳмуддати тобистона квотаҳо ҷудо гардида, ба унвонҷӯени фанҳои табиатшиносӣ, ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ ва гидроэнергетика имкони таҳсил ва пажӯҳиш дар донишгоҳи Кристиан Албрехт пешниҳод гардад. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки донишҷӯёни олмонӣ дар марказҳои забономӯзӣ, шарқшиносӣ, исломшиносӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон таҷриба андӯхта равандҳои тағйирёбии иқлимро дар мисоли пиряхҳои Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Сафир омодагии донишгоҳҳо ва муассисаҳои пажӯҳишии Тоҷикистонро барои имзои шартномаҳои ҳамкорӣ иброз намуд.

Профессор Аня Пистор бо ибрози ҳавасмандии ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аз Раёсати донишгоҳҳои Тоҷикистон даъват намуд, ки алоқаҳои мустақими худро бо Президиуми Донишгоҳи Кристиан Албрехти Олмон ба роҳ монанд.

mulokot-bo-khonum-Pistor-univ-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg