23 марти соли 2019 дар шарҳи Берлини Олмон чорабинии муштарак бахшида ба таҷлили Ҷашни Наврӯз баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо иштироки Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз зери сарпарастии Фиристодаи Ҳукумати федеролӣ оид ба масоили фарҳанг ва матбуот баргузор гардид.
Тавре Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо иброз дошт, Наврӯз 3000 сол инҷониб ҳамчун иди баҳор аз тарафи 300 миллион нафар аҳолии кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон таҷлил мегардад. Иди Наврӯз 30 сентябри соли 2009 ба Рӯйхати мероси ғайримодии инсоният (ЮНЕСКО) ворид гардида, соли 2010 дар асоси Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ ҳамчун рӯзи байналмилалӣ эътироф гардид.
Сафорати Тоҷикистон бо баргузории барномаи фарҳангӣ ва ташкили гӯшаи иттилоотӣ сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати кишварро дар самти беҳтар намудани некӯаҳволии мардум дар мисоли “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021”, инчунин роҷеъ ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон пешкаши иштирокдорон намуд. Дар ин росто, таҳия ва пешниҳоди «Наврӯзнома» оид ба махсусиятҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоси иштирокдоронро ҷалб намуд.
Дар чорабинӣ тоҷикони муқими Олмон ва Аврупо, аз ҷумла аъзоёни Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, олимон, ҳунармандон, ҳамватанон, ки дар Олмон зиндагӣ, кору фаъолият ва таҳсил мекунанд, бо аъзоёни оилаҳои худ ширкат варзиданд.
Директори Форуми Ҳумболдт ва осорхонаҳои давлатии Берлин Ларс Кох зимни суханронии худ баргузории чунин чорабиниҳои муштаракро барои боз ҳам ҷаззобтар шудани шаҳри Берлин ва имконоти фарҳангии он муҳим хонда, чунин ҷашнҳоро пайвандгари миллатҳо номид.
Боиси хушҳолист, ки дар ҷашни имсолаи Наврӯз зиёда аз 1000 нафар ширкат варзида, 9 кишвари ҳавза махсусиятҳои ҷашни Наврӯз дар кишварҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд.