Муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамоиш бо хабарнигорони ВАО-и Олмон

23.02.2019 16:31

Дар робита бо эълон шудани “2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин инъикоси дастовардҳои кишвар бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи хабарнигорони соҳаи сайёҳии Олмон-CTOUR дар бинои Сафорат  шоми муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз 50 хабарнигорон - аъзоёни ин Иттиҳодия, намояндагони вазорату идораҳо ва ширкатҳои сайёҳии Олмон баргузор гардид.  

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо  роҷеъ ба муҳимтарин тасмимҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, тақвияти инфрасохторҳои деҳот дар солҳои минбаъда маърӯза намуда, тасмимҳои роҳбарияти кишварро дар бобати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва сатҳи некӯаҳволии мардум ба хабарнигорон шарҳ дод.

 Иттиҳодия хабарнигорони соҳаи сайёҳии Олмон зиёда аз 200 нафар аъзо дошта,  хабарнигорони касбӣ, соҳавӣ, блогнависон ва рӯзноманигорони озод  навигариҳои соҳаи сайёҳии ҷаҳонро ҳамарӯза таҳлил ва натиҷаҳои онро дар рӯзномаву маҷалла, сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Роҳбари Иттиҳодия Ҳанс-Петер Гаул зимни баромади худ ҳадафи баргузории чунин чорабинии муштаракро ба афзоиш ёфтани таваҷҷӯҳи доираҳои иттилоотии кишвари Олмон ба зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон рабт дод.

Зимни табодули афкор бо хабарнигорон Соҳибназар Ғайратшо ба саволҳои иштирокчиён оид ба паҳлуҳои гуногуни рушди кишвар, бахсус соҳаи сайёҳӣ посух дод.

Хабарнигорон изҳор доштанд, ки тӯли соли равон як қатор гузоришҳои таблиғотӣ дар ВАО-и кишвар оид ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ ба табъ хоҳанд расид.  Сафири Тоҷикистон ҷиҳати инъикоси воқеии рушди бемайлони кишвар ва талошҳои хастанашавандаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт даъват намуд.

Қобили тазаккур аст, ки бо анҷом ёфтани фасли сармо эҳтиёҷи ҷаҳонгардон ба дарёфти иттилоъ оид ба мавзеҳои сайёҳӣ афзоиш меёбад. Чунончи, танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ба маҳзи дарёфти иттилоот зиёда аз 80 ҳазор шаҳрвандон ба сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ворид шудаанд. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон моҳи марти соли 2019 дар бузургтарин Намоишгоҳи сайёҳии байналмилалӣ ITB Berlin 2019 иштирок хоҳанд кард.

ctour10.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg