Ҳамоиши ҳамватанон дар Олмон

22.12.2018 13:47

20.12.2018. Ҷиҳати муаррифии дастовардҳои Ҳукумати кишвар дар соли ҷорӣ ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани соли 2018 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар бинои Сафорат дар шаҳри Берлин ҳамоиши ҳамватанон доир гардид. Ба ин ҳамоиш намояндагони диаспораи тоҷик, аъзоёни Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, донишҷуён ва аҳли илму фарҳанг, инчунин дӯстони Тоҷикистон даъват гардиданд. Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо кушода, дар назди ҳозирин бо маърӯза зери унвони "Ободии Тоҷикистони азиз умеди ҳар ҳамватан" баромад намуд.   

Аз ҷумла қайд гардид, ки маҳз бо талошҳои хастанашавандаи Ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар ҳама соҳаи муҳими ҳаёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, рӯз аз рӯз ободтару зеботар гардида истодааст. Сипас Сафир дар фазои тантанавӣ оҳангсози номдор Фирӯз Баҳорро ба муносибати 76-умин солгарди зодрӯзаш табрику муборакбод намуда, миннатдории худро барои саҳми муносиби оҳангсоз дар муаррифии санъати мусиқии тоҷик дар Аврупо баён намуд.  Дар баромади худ Раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон доктор Александ Хайзер низ аз пешрафтҳои кишвари Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, иброз дошт, ки ваҳдати миллӣ барои миллати Тоҷик хеле гарон ба даст омадааст ва ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ масъул аст, ки ба қадри он расида, онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад. Дар рафти ҳамоиш ҳамчунин табодули афкор бо донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид. Сафири Точикистон аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо омӯзиши фанновариҳои муосири ин кишвари мутаррақӣ дар ободии ватани худ саҳмгузор бошанд.

diaspora-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg