Баррасии рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ширкатҳои Олмон

29.11.2018 07:15

Рӯзи 27 ноябри соли 2018 мулоқоти кории Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Директори иҷроияи Кумитаи Шарқии иқтисоди Олмон Михаел Ҳармс баргузор гардид.

Ба истифода додани НБО Роғун, рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ, мавҷудияти маҳсулоти кишоварзӣ ва тасмимҳои Ҳукумати кишвар дар самти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ватанӣ ва коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ ки дар Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 дарҷ гардидаанд, заминаҳои мусоиди рушди соҳибкории хурду миёна дар кишварро фароҳам оварда истодаанд.

Таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ,  коркарди чарм, пашм ва нахи пахта ва дар заминаи онҳо ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ширкатҳои олмонӣ, таъсиси бошишгоҳҳо барои нигаҳдории меваю сабзавоти содиротӣ ва таъсиси мағозаҳои шабакавӣ аз ҷумлаи мавзӯҳое ба ҳисоб мерафт, ки зимни мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бо назардошти имконоти мавҷуда, хостори ташкили ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Олмон дар ҳошияи Форуми соҳибкорон гардиданд, ки ҳамасола моҳи октябр баргузор мегардад.  

Кумитаи шарқии Иқтисоди Олмон аз ҷумлаи бузургтарин иттиҳодияҳои соҳибкорони Олмон буда, 400 корхонаҳои хурду миёнаро муттаҳид намудааст. Фаъолияти он ба рушди робитаҳои иқтисодии Олмон бо 26 давлатҳои ҷаҳон равона гардидааст.

ostausschuss-richtiges.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg