Тавсеаи ҳамкориҳо бо Фонди Ҳаннс-Зайдели Олмон

12.11.2018 18:06

Ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд бо бунёдҳо ва созмонҳои байналмилалӣ 12 ноябри соли 2018 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Роҳбари минтақавии Фонди Ҳаннс-Зайдел (Hanns Seidel Stiftung) дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер баргузор гардид.

Фонди мазкур аз соли 2009 инҷониб бо Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани самаранокии вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва такмили ихтисоси касбии хизматчиёни давлатӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

То имрӯз садҳо нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон бо мусоидати Фонди Ҳаннс Зайдели Олмон давраҳои омӯзиширо дар Донишкадаи идоракунии давлатии Тоҷикистон хатм ва соҳиби дипломҳои ихтисоси “Менеҷмент дар идоракунии давлатӣ” гардиданд.

Ҷонибҳо ҷалби хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллӣ аз ҳисоби занону бонувон ба давраҳои омӯзишӣ, воридсозии фанновариҳои нав, аз қабили таҳсили фосилавӣ, таълими электронӣ (elearning) ва истифодаи зарфиятҳои зеҳнӣ ва инфрасохтории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии мақомоти наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар таҳкими ҳамкориҳои минбаъда муҳим шумориданд.

hans-seidel-stiftung-bild-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg