Баррасии сатҳи ҳамкориҳо баҳри рушд бо Олмон

08.11.2018 18:01

     8 ноябри соли 2018. Дар пешманзари баргузории машваратҳои байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Олмон, ки қарор аст, соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, Cафири Тоҷикистон дар Олмон Cоҳибназар Ғайратшо бо ҳамраиси машваратҳои имсола аз ҷониби Олмон хонум Катрин Оеллерс ва намояндаи Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Клаус Тансбергер мулоқот анҷом дод.

   Зимни мулоқот ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи НБО Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғобро нишонаи таваҷҷуҳи ҳар ду кишвар барои ҳамкориҳо арзёбӣ намуда, рушди гидроэнергетика, беҳсозии хизматрасониҳои тиббӣ ва дастрасӣ ба муассисаҳои таълимиро барои беҳтар шудани некӯаҳволии иҷтимоии мардум ва занҷираи арзишҳои изофавӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Олмон имкони маблағгузории нирӯгоҳҳои барқи обии хурд дар минтақаҳои куҳии Тоҷикистонро омӯхта истода, дар ин росто ба ҷалби ширкатҳои ватанӣ бартарият хоҳад дод. Баррасии рӯзномаи машваратҳои дар пешистода ва афкори созанда дар атрофи рушди босубот муҳтавои мулоқоти мазкур ба ҳисоб мерафт.

01.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg