6 ноябри соли 2018 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Михаел Зиберт мулоқоти корӣ баргузор намуд.
Зимни мулоқот вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва нақшаҳои минбаъда барои таҳким ва рушди ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Олмон дар самтҳои сиёсат, иқтисод, муҳоҷират, гидроэнергетика ва туризм мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба машваратҳои сиёсӣ ва гуфтушунидҳои байниҳукуматии дарпешистода табодули афкор анҷом доданд.