1 августи соли 2026 дар толори машҳури Konzerthаus Berlin, дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic, барномаи консертии ансамбли «Моҳирон» баргузор гардид. Чорабинӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва бо даъвати фестивали байналмилалии Young Euro Classic доир шуд.
Дар ҷараёни консерт ансамбли «Моҳирон» барномаи рангини мусиқиро манзури тамошобинон гардонида, намунаҳои мусиқии суннатии тоҷик ва ҳамзамон асарҳои классикии ҷаҳониро, ки барои созҳои миллии тоҷикӣ мутобиқ гардонида шудаанд, иҷро намуд. Ҳунармандон бо маҳорати баланди иҷроӣ ва ҳунари касбӣ ғановати мероси мусиқии Тоҷикистонро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.
Барномаи консертӣ аз ҷониби тамошобинон бо самимияти хоса истиқбол гардида, бо кафкӯбиҳои бардавом пазируфта шуд. Иштироки ансамбли «Моҳирон» дар яке аз бонуфузтарин фестивалҳои мусиқии ҷавонони Аврупо саҳми арзандае дар муаррифии фарҳангу санъати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гузошт.
Дар фарҷоми консерт меҳмонон имконият пайдо намуданд, ки дар фазои саволу ҷавоб бо ҳунармандон суҳбат намуда, бо созҳои миллии тоҷикӣ, таърих ва вижагиҳои онҳо аз наздик ошно шаванд.











