Мулоқоти Сафир бо Вазири давлатии Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон

29.07.2026 19:42

28 июли соли 2026 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо Вазири давлатии Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо Гюнтер Крихбаум баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмонро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор анҷом доданд.

Ҳамзамон, аҳаммияти идомаи муколамаи мунтазам ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар таъкид гардид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg