Тоҷикистон дар чорабинии ҷашнии аспдавонӣ дар шаҳри Магдебурги Олмон

22.06.2026 17:00

20 июни соли 2026 дар шаҳри Магдебурги Ҷумҳурии Федеративии Олмон мусобиқаи ҷашнии аспдавонӣ бахшида ба 120-солагии таъсисёбии клуби аспдавонии Magdeburger Renn-Verein баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ барои бори сеюм пойга барои дарёфти Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Чорабинӣ таҳти сарпарастии Раиси Ландтаги (Парлумони) музофоти федеролии Саксония-Анҳалт ҷаноби Гуннар Шелленбергер баргузор гардида, намояндагони доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, корпуси дипломатӣ ва васоити ахбори оммаро ба ҳам овард.

Пойга барои дарёфти Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи 1300 метр баргузор шуда, ғолибон бо мукофот ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Чорабинӣ ҳамзамон ҳамчун минбари муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов дар маросими ҷоизасупорӣ ғолибони пойгаро табрик намуда, қайд кард, ки иштирок дар чунин чорабиниҳо барои таҳкими робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон нақши назаррас дорад.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg