3 июни соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов дар ҳайати роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Олмон бо даъвати Президенти Федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар сафари шиносоӣ ба музофоти федеролии Саарланд иштирок намуд.
Дар доираи сафари мазкур имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланд, аз ҷумла фаъолияти корхонаҳои пешрафтаи саноатӣ, бахши истеҳсолоти технологияҳои барқӣ, истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ ва иқтидорҳои муассисаҳои таҳқиқотии минтақа муаррифӣ гардиданд.
Дар ҳошияи сафар мулоқоти сафир бо Президенти Федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ва Сарвазири музофоти федеролии Саарланд Анке Релингер доир гардида, оид ба дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан дар бахшҳои иқтисодӣ ва саноатӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар анҷоми чорабинӣ аҳаммияти рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва идомаи муколамаи созанда таъкид гардид.
Аксҳо: Ҳукумати федеролии Олмон





