Иштироки Сафир дар ҳамоиши байналмилалии «Кемнитс-2026: Уфуқҳои нави технологияҳои оянда»

01.06.2026 17:00

Рӯзҳои 28–30 майи соли 2026 дар шаҳри Кемнитси Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҳамоиши байналмилалии «Кемнитс-2026: Уфуқҳои нави технологияҳои оянда» баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Иттиҳодияи саноатии Саксония 1828, Форуми ҷаҳонии тиҷорати Олмон ва Донишгоҳи техникии Кемнитс ташкил гардида, бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои иқтисодию илмӣ ва корпуси дипломатӣ доир шуд.

28 май маросими ифтитоҳи ҳамоиш баргузор гардида, Вазири давлатии иқтисод, меҳнат, энергетика ва ҳифзи иқлими Саксония Дирк Пантер бо сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро хайрамақдам намуд.

29 май Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар Форуми дипломатии «Технологияҳои оянда дар ҷаҳон» иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди устувор, нақши таъмини боэътимоди энергетикӣ дар пешрафти саноат, инчунин афзалиятҳои кишвар дар соҳаи энергетикаи сабз ва технологияҳои нав муаррифӣ гардиданд. Ҳамзамон ба аҳаммияти густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмию технологӣ ва рушди шарикии мутақобилан судманд таъкид карда шуд.

Дар доираи барномаи ҳамоиш иштирокчиён бо як қатор лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва самтҳои пешрафтаи илмии Донишгоҳи техникии Кемнитс шинос шуда, аз ташаббусҳои марбут ба гидрогени сабз, технологияҳои ҳуҷайраҳои сӯзишворӣ, наномембранаҳо ва дигар роҳкорҳои инноватсионӣ боздид намуданд.

Ҳамчунин дар рафти ҳамоиш Сафир бо Проректор оид ба интиқоли дониш ва такмили ихтисоси Донишгоҳи техникии Кемнитс профессор доктор Томас фон Унверт дар мавриди дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои технологияҳои муосир ва гидрогени сабз табодули афкор анҷом доданд.

29 май дар шаҳрдории Кемнитс қабули расмӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он Сафир бо шаҳрдор Свен Шултсе мубодилаи афкор анҷом дод. Ҳамчунин сафирон ва намояндагони дипломатии воломақоми иштирокдор дар Китоби тиллоии Кемнитс соядаст гузоштанд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg